Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меорад

Январь 14, 2014 14:18

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Имсол имтиҳоноти қабул дар донишкадаҳои олии кишвар дар Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. «Амалия нишон медиҳад, ки имсол баъзе донишкадаҳои олӣ донишҷӯёнро ба қадри кофӣ қабул намекунанд, вале мо бояд саъй кунем, ки ҳангоми дохил шудани онҳо ба донишкадаҳои олӣ стандартҳои байналмилалиро ба кор барем», — гуфт дар ин маврид муовини аввали Вазири маорифи ҶТ Раҳматулло Мирбобоев.Мувофиқи суханони директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфаров, маркази мазкур чор сол боз фаъолият дорад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ бори аввал имтиҳони хонандагони синфҳои 10 ва 11 бо усули тестӣ сурат гирифт. Ҷамъ 7 ҳазор нафар хонандагон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ин усул имтиҳон супурданд. Сабзалӣ Ҷаъфаров ҳамчунин қайд намуд, ки маркази мазкур кормандони касбиро ба кор қабул кардааст. Бонки умумиҷаҳонӣ, Институти ҷомеаи кушодаи «Бунёди мадад», барномаи «Мусоидат ба таҳсилот» — и Русия ба маркази мазкур ёрии техникӣ расонида, онро бо адабиёти методӣ таъмин кардаанд.

Январь 14, 2014 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш