Маркази нави ташхиси ВНМО дар Хоруғ
Хоруғ, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар шаҳри Хоруғ утоқи кории Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ба кор шуруъ кард. Маркази нав дар шафати беморхонаи қалби вилоят, воқеъ дар маҳаллаи Тирчид ҷойгир аст, ки барои ҷилавгирӣ аз афзоиши ин беморӣ дар байни аҳолӣ ва ба муолиҷаи маризон дар шаҳр сару кор дорад. Ба гуфтаи Басхотун Ҷумъаева маркази мазкур бо ташаббуси мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва раёсати тандурустии вилоят таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии таъсиси марказ, пеш аз ҳама мавриди муоина ва муолиҷаи табибон қарор додани афроди гирифтори бемории вируси норасоии масъунияти одам ё ба истилоҳ СПИД мебошад. Тибқи омори расмӣ аз соли 2003-юм инҷониб маҷмуан дар шаҳр 212 нафар бо нишонаи сирояти вируси норасоии масъунияти одам ба кайд гирифта шудааст. Мутахассисони соҳаи тиб омилҳои аслии паҳншавии ин бемории сироятиро аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ва нашъамандони тазриқӣ медонанд. Тибқи иттилои манобеи расмӣ аз шумораи умумии мубталоёни бемории вируси норасоии масъунияти одам 177 нафараш гирифтори бемории нашъамандӣ мебошад. Ба гуфтаи Басхотун Ҷумъаева, директори маркази номбурда тӯли 10 соли охир теъдоди 73 нафар ба иллати гирифторӣ ба ин вируси сироятӣ ҷонашонро аз даст додаанд. Басхотун Ҷумъаева гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони маркази мазкур гирифторони ин бемориро зери назорати худ қарор додаанд ва онҳоро сари вақт бо маводи доруворӣ ба таври ройгон таъмин месозанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






