Мавсими аввали лоиҳаи «Қайдҳои сафар»

Январь 28, 2014 12:06

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»).- Бо  ибтикори  журналистони  мустақил  Азиз  Хайруллоев  ва  Иззат Мирзоев  27  январ  лоиҳаи  иҷтимоию  ватандӯстонаи «Қайдҳои  сафар: made in Tajikistan»  оғоз  ёфт.
 
Журналистони  созмондиҳандаи  ин  лоиҳа  ҳар  мавсим  ба  яке  аз  минтақаҳои  кишвар   сафар  карда,  бо ёдгориҳои  таърихию фарҳангии  машҳури   минтақа  ва   бо  тарзи   зиндагии  имрӯзаи  аҳолӣ   шинос  шуда,  таассуроташонро   дар қайдҳои  сафар  баён  мекунанд. 
 
Ба  гуфтаи  Азиз  Хайруллоев,  мақсад  аз  сафари  журналистон тарғиби арзишҳои маънавии фарҳанги ғании Тоҷикистон ва меҳмоннавозии  мардуми  тоҷик  аст.
 
Лоиҳаи  иҷтимоии «Қайдҳои  сафар:  made in Tajikistan»   мавзӯъҳои  «Қиссаҳои  Суғд»,  «Бедоршавии табиат» ва «Суруши  кӯҳсори  Ҷануб» — ро  дар бар  мегирад. 

Январь 28, 2014 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш