Мавсими кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе идома дорад
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-Дар доираи кабудизоркунии мавсими соли 2014 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе шинонидани 38 ҳазору 270 бех ниҳолҳои ба шароити табиии пойтахт созгор ба нақша гирифта шудааст. Аз Раёсати кабудизоркунии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои ободу зебо намудани боғҳои марказии пойтахт бо дастури Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз давлати Шоҳигарии Белгия ба миқдори 3152 бех ниҳоли ороишӣ ба пойтахт ворид шудааст. Дарахтони ороишии воридшуда дар боғи Рӯдакӣ ба миқдори 1354 бех, боғи «Пойтахт» 857 бех, боғи «Дӯстии халқҳо» 200 бех, боғи «Наврӯзгоҳ» 92 бех, дар кӯчаҳои Миршакар 53 бех, Айнӣ 290 бех, Сомонӣ 70 бех ва дар хиёбони Шерозӣ 243 бех ниҳолҳои ба шароити имрӯзаи муҳити пойтахт созгор шинонида хоҳад шуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 3277 бех ниҳол ва аз Шоҳигарии Белгия 670 бех ниҳол ба шаҳри Душанбе ворид карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






