Меъёри бозтамвил ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст шуд

Январь 14, 2014 08:39

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар»).- Бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2014 меъёри бозтамвил ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 4,8 фоизи солона муқаррар гардид.  Тавре ки хадамоти матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, ин дафъа низ тағйироти навбатӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ, таъсири омилҳои берунӣ ва бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ворид шудааст. Мавриди ёдоварист, ки соли гузашта меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ду маротиба — 8 июл ба андозаи 0,6 банди фоизӣ ва 7 октябр ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст карда шуда буд.

Январь 14, 2014 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад