Микаел К.Нагата ба Тоҷикистон омад

Январь 27, 2014 10:06

Душанбе, 27 январ (АМИТ «Ховар»).- Фармондеҳи Қӯшунҳои таъйиноти махсуси фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Микаел К.Нагата бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.Ҳангоми сафар генерал Нагата бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд. Дар мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъйиноти махсуси фармондеҳии марказӣ бо қувваҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Микаел К.Нагата ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои таъйиноти махсуси фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳусубот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.

Январь 27, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш