«Моҳи Хатлон» — китоби нави дипломати тоҷик дар Ҳиндустон
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Ф. Достонзода).-Китоби тозанашри шоири хушсалиқа Саидбег Саидӣ таҳти унвони «Моҳи Хатлон» аз чоп баромад.Дар маҷмӯаи нави ашъори ин шоир аз меҳри беандоза нисбат ба Ватан, обу хоки диёр, нигаҳдошти мероси аҷдодӣ ва ищқи поки беолоиш сухан меравад.Ёдовар мешавем, ки Саидбег Саидӣ (Саидов Саидбек Бойхонович) солҳои 2002 — 2003 дар вазифаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва солҳои 2003 — 2006 мудири шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2006 — 2008 Сафири Тоҷикистон дар Покистон буд ва аз соли 2008 то имрӯз Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустонро роҳбарӣ мекунад. То ин муддат ду маҷмӯаи шеърҳояш — «Накҳати Кашмир» («Адиб», 2010) ва «Замзамаҳои Ҳиндустон» (Адиб, 2012) нашр шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






