Муҳоҷирон соҳиби қитъаи замин гаштанд
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- «Ба ҳар як оилаи муҳоҷири экологӣ дар ҷумҳурӣ барои кӯчонидан ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ва ба ҳар нафар аъзои оила кӯмаки яквақта расонида мешавад», — таъкид кард муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев 24 январ зимни нишасти матбуотӣ.Ба қавли Нурулло Маҳмадуллоев ба ин оилаҳо инчунин барои кашонидани амволи хона мошин ройгон дода мешавад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 292 оилаи муҳоҷирони экологӣ ва 731 оилаи муҳоҷирони дохилӣ дар мавзеъҳои нави зист бо қитъаи замин барои сохтмон таъмин гаштаанд, ки ин дар маҷмӯъ 106,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






