Муҳокимаи масъалаи мусобиқоти футболбозон

Январь 24, 2014 14:01

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон машварати роҳбарони Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва сармураббиҳои дастаҳои лигаи олӣ ширкат доштанд. Иштирокдорони машварат тартиби гузаронидани мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол дар мавсими соли 2014, масоили доварӣ ва проблемаҳои дигари ташкилиро мавриди муҳокима қарор доданд. Хотирнишон месозем, ки мусобиқоти 23 – уми Тоҷикистон оид ба футбол 5 апрел оғоз меёбад.Дар машварат аксарияти роҳбарони дастаҳои лигаи олӣ ба тарафдории дар шакли дудаврагӣ гузаронидани мусобиқот изҳори ақида намуданд. Дар мусобиқот, чун соли гузашта, 10 даста иштирок менамояд. Мувофиқи тартиби мусобиқот, дастаи «Истаравшан», ки мавсими гузашта дар ҷадвали мусобиқот ҷойи охиринро ишғол кард, бояд лигаи олиро тарк намояд. Ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум клуби «Саройкамар» — и Панҷ ва дастаи «Эсхата» — и шаҳри Хуҷанд аз иштирок дар лигаи олии мавсими соли 2014 даст кашиданд. Клуби «Далерони Ӯротеппа» — и Истаравшан хоҳиши иштирок дар мусобиқоти лигаи олиро дорад. Мавсими футбол дар соли 2014 бо вохуриҳо барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз меёбад. Барои дарёфти Ҷоми асосии Тоҷикистон қаҳрамони амалкунанда – дастаи «Равшан» — и шаҳри Кулоб ва дорандаи Ҷоми ҷумҳурӣ — дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе қувваозмоӣ мекунанд.

Январь 24, 2014 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад