Муҳокимаи масъалаи мусобиқоти футболбозон
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон машварати роҳбарони Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва сармураббиҳои дастаҳои лигаи олӣ ширкат доштанд. Иштирокдорони машварат тартиби гузаронидани мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол дар мавсими соли 2014, масоили доварӣ ва проблемаҳои дигари ташкилиро мавриди муҳокима қарор доданд. Хотирнишон месозем, ки мусобиқоти 23 – уми Тоҷикистон оид ба футбол 5 апрел оғоз меёбад.Дар машварат аксарияти роҳбарони дастаҳои лигаи олӣ ба тарафдории дар шакли дудаврагӣ гузаронидани мусобиқот изҳори ақида намуданд. Дар мусобиқот, чун соли гузашта, 10 даста иштирок менамояд. Мувофиқи тартиби мусобиқот, дастаи «Истаравшан», ки мавсими гузашта дар ҷадвали мусобиқот ҷойи охиринро ишғол кард, бояд лигаи олиро тарк намояд. Ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум клуби «Саройкамар» — и Панҷ ва дастаи «Эсхата» — и шаҳри Хуҷанд аз иштирок дар лигаи олии мавсими соли 2014 даст кашиданд. Клуби «Далерони Ӯротеппа» — и Истаравшан хоҳиши иштирок дар мусобиқоти лигаи олиро дорад. Мавсими футбол дар соли 2014 бо вохуриҳо барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз меёбад. Барои дарёфти Ҷоми асосии Тоҷикистон қаҳрамони амалкунанда – дастаи «Равшан» — и шаҳри Кулоб ва дорандаи Ҷоми ҷумҳурӣ — дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе қувваозмоӣ мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






