Муҳокимаи масоили сарҳадот

Январь 8, 2014 11:24

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар»).- 7  январ  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  ҳайатҳои  роҳбарони  Комиссияҳои  байниҳукуматӣ  оид ба  муайян  кардани  маҳаллу  мавқеияти  сарҳади  давлатии  Тоҷикистону  Қирғизистон  бо   роҳбарии  муовини   Сарвазири  Тоҷикистон  Муродалӣ  Алимардон  ва ноиби  Сарвазири  Қирғизистон  Токон Мамитов  баргузор  гардид. 
 
Тавре  ки  аз  Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  мулоқот  масоили  муайян  кардани  маҳаллу  мавқеияти   сарҳади давлатӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифта ва  ҷадвали   мулоқоти  ҳайатҳои  ҳукуматӣ  ва  гуруҳҳои  корӣ  барои  соли  2014  муайян  гардид. 
 
Яке  аз  мавзуҳои  асосии   мулоқот  иборат  аз  муҳокимаи   ҳамкории  байнисарҳадии  миёни  вилоятҳои  Суғд ва Боткент буд. 
 
Ба  хадамоти  сарҳадӣ, мақомоти   корҳои  дохилӣ ва  маъмуриятҳои  вилоятҳои  Суғду  Боткент  супориш  дода шуд, ки  барои  ташкили  гуруҳҳои  муштараки  муҳофизати  сарҳад ба  манзури  таъмини  амнияти  ҷамъиятӣ,  ҳаракати  озоди  шаҳрвандон  ва  воситаҳои  нақлиётии  ҷонибҳо дар  ҳудуди  сарҳадот  9  январи  соли  ҷорӣ  дар  шаҳри  Исфара  вохурии  кориро  роҳандозӣ  намоянд. 
 
Ҷонибҳо тасмим  гирифтанд, ки  чунин   мулоқотҳоро  мунтазам   рӯи  кор  оранд. Онҳо  изҳори   боварии  қатъӣ  намуданд, ки  ҳамкории  ҳар  ду  кишвар  дар  масоили  сарҳад  минбаъд  ҳам   дар  руҳи  дӯстии  анъанавӣ  ва  некиҳамсоягӣ  сурат  хоҳад  гирифт. 

Январь 8, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд