Муаррифии гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон дар хориҷа
Душанбе, 29. 01.2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматов иброз дошт, ки ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014» мавзеъҳои рӯйидани гиёҳҳои шифобахш муайян карда шуда, таҳти назорати доимии кормандони умури давлатии ҳифзи ҷангал қарор доранд. Тибқи иттилоъ, соли гузашта ба миқдори 20 тонна гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла, 6,8 тонна испанд, 3,1 тонна чойкаҳак, 3 тонна кокутӣ, 1 тонна тахач, 2, 8 тонна пудина, 0,5 тонна барги зуф, 0,9 тонна татум ва 1,9 тонна газанда ҷамъоварӣ шуд.
Дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангали агентӣ Мадиброн Саидов гуфт, ки бо мақсади дастрас намудани маводи худрӯи ҷангал ва гиёҳҳои шифобахш ҳоло дар назди хоҷагиҳои ҷангал 9 мағоза ва 23 дӯкон фаъолият дорад. Ҳамчунин дар ин ҷода ҳамкориҳо бо ширкату корхонаҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш, аз қабили «Фароз», «Сарчашмаи ҷавонии сайёр», «Тиб барои Шумо» ва «Шифо» ба роҳ монда шудааст.
Алҳол Агентии хоҷагии ҷангал оид ба соҳаи хеш бо кишварҳои Олмон, Норвегия, Япония ҳамкорӣ дорад. Инчунин бо мақсади дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ намудани гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ бо Донишгоҳи тиббии Иватеи Япония ҷараён доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






