Муколамаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия

Январь 22, 2014 15:43

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- «Муколамаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия»- таҳти чунин унвон имрӯз, 22-юми январ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар конфронс доир гардид. Дар кори конфронс соҳибкорон ва мутахассисони соҳа аз ҳарду ҷониб иштирок дошта, рушди иқтисод ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Мақсад аз баргузории конфронс мустаҳкам кардани муносибатҳои ду кишвар дар риштаи иқтисод ва баррасии низоъҳои ҷойдошта дар ин соҳа мебошад.

Январь 22, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш