Мулоқот бо аҳли тиҷорати музофоти Шэнси
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 14 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти аҳли тиҷорати Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Ҳайати Чин иборат аз намояндагони ниҳодҳои давлатии дастгирии тиҷорат, ҳамчунин ниҳодҳои мухталифи тиҷорат буд, ки ҷонибдори ҳамкорӣ бо бахшҳои саноати маъдан ва коркарди фулузот, тавлиди матоу либос, коркарди абрешим, содироти меваю сабзавоти музофоти Шэнсии ҶМЧ ва ғайра мебошанд. Роҳбарии ҳайати Чинро сардори шуъбаи савдои хориҷии Вазорати савдои музофоти Шэнси Чжай Битсин ба уҳда дошт.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба имкониятҳои иқтисодию инвестсионии кишвар ва гуфтушуниди аҳли тиҷорати музофоти Шэнси бо намояндагони сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо аҳли тиҷорати музофоти Шэнси баррасӣ шуданд.Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова зарурати рӯи кор овардани мушорикати ширкатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи саноати коркарди маъдан ва комплекси агросаноатии ҶТ, ҳамчунин коркарди нахи пахта, пашму чарм ва консерв намудани меваю сабзавотро қайд намуд. Ба гуфтаи ӯ, соҳаҳои зикршуда ба технологияю таҷҳизоти муосир эҳтиёҷ доранд.Роҳбари ҳайати Чин Чжай Битсин суръати рушди муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии байни ҶМЧ ва Тоҷикистонро ба таври мусбат арзёбӣ намуда, дар бораи имкониятҳои тиҷоратию иқтисодии музофоти Шэнси сухан ронд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






