Мулоқот бо адибон дар таътили зимистона
Ҳамадонӣ, 25 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Шуъбаи маориф ва мактаби варзишии ноҳияи Ҳамадонӣ барои ҷолиб гузаронидани таътили зимистонаи мактаббачагон маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ ва варзиширо тарҳрезӣ намуда, даври аввали чорабиниҳоро шуруъ карданд. Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Алишер Исоев озмунҳои гуногуни ноҳиявӣ байни мактаббачагон идома дошта, дар кулли мактабҳо машғулиятҳои иловагӣ ҷараён доранд. Бештар мактаббачагон аз фанҳои дақиқ машғулият мегузаронанд ва хонандагони болаёқат ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ омодагӣ мегиранд. Шуъбаи маорифи ноҳия мувофиқи нақша як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷикро даъват намудааст, ки дар давоми як моҳ бо мактаббачагон вохӯрӣ гузаронанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






