Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Игор Лякин -Фролов

Январь 20, 2014 11:51

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулуқот кард.Дар мулоқот асосан мавзӯъҳои марбут ба сафари ҳайати ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Тавре ки таъкид гардид, ба рӯзномаи ҷаласа баррасии мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии байнидавлатӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, муҳоҷират, илму таҳқиқот ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра ворид шудааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои арзишманд барои ҳар ду ҷониб баргузор хоҳад гашт.Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба татбиқи «Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2014» ва тарҳрезию таҳияи ҳамин гуна барнома барои соли 2015 табодули афкор намуданд.

Январь 20, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш