Мулоқоти Қодири Қосим бо Масару Хонма
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим 28 январ дар Душанбе бо директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма вохӯрд.
Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ бо ин муассиссаро дар доираи лоиҳаҳо, аз ҷумла таҷдиди системаи қубурӣ ва корезӣ дар шаҳри Хоруғ, сохтани корхонаҳои истеҳсоли обҳои маъдании шифобахш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тағйири сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» ва «Тоҷик Эйр»-ро баррасӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар айни ҳол дар Тоҷикистон чандин лоиҳа бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






