Мулоқоти Абдураҳим Холиқов бо Ҳолгер Грэн

Январь 30, 2014 16:53

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ “Ховар”).- Имрӯз раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов бо Сафири Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грен мулоқот намуд. 
Сухангӯи Кумитаи мазкур Афшини Муқим ба АМИТ “Ховар” хабар дод, ки дар оғози мулоқот ҷонибҳо ба сатҳи кунунии равобити бисёрҷонибаи Тоҷикистону Олмон баҳои баланд  дода, ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи он баён доштанд.
Абдураҳим Холиқов ва Ҳолгер Грен доир ба роҳандозии ҳамкориҳои судманд ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти гуногуни номатлуб барои ҷомеа, аз ҷумла терроризму экстремизм мубодилаи афкор намуданд.  
Манбаъ мегӯяд, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба дипломати олмонӣ доир ба вазъи ҷомеаи динӣ дар Тоҷикистон, муносибатҳои давлат бо иттиҳодияҳои динӣ ва дастгирии пайвастаи намояндагони ҷомеаи динии кишвар аз ҷониби давлат иттилоъ дод. 
Сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грен низ дар навбати худ изҳор дошт, ки айни ҳол дар Олмон тақрибан 5 миллион нафар мусулмонон аз як қатор кишварҳо зиндагӣ мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти  иттиҳодияҳои динии ғайрианъанавӣ дар Олмон танҳо дар асоси шартнома миёни ниҳоди махсуси давлатӣ ва иттиҳодияи динӣ иҷозат дода мешавад. Ба иттилои Ҳолгер Грен дар Олмон аз ҳар як узви ибодатгоҳ, яъне ҳар нафаре, ки барои ибодат ба калисо меравад, аз ҳисоби даромади моҳонааш дар баробари дигар навъи андозҳо, андоз барои калисо ситонида мешавад.  
Абдураҳим Холиқов гуфт, ҷиҳати дастгирии намояндагони аҳли ҷомеа, бахусус ҷомеаи динии кишвар шуруъ аз моҳи январи соли ҷорӣ тибқи дархости ходимони дин ба эшон дастгирии молиявии моҳона расонида мешавад.
 Дар охир ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ҷиҳати табодули таҷриба дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор  доштанд. 

Январь 30, 2014 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!