Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси ширкати ТВЕА-и Чин
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуд.Ҳарду ҷониб аз фаъол гардидани навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки рӯзи 10-уми январ дар фазои тантанавӣ сурат гирифт, изҳори қаноат карданд. Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки то моҳи апрели соли равон навбати дуюми марказ низ ба кор даромада, иқтидори умумиаш ба 100 мегаватт/соат нерӯи барқ мерасад. Доир ба сохтмони боз ду агрегати дигар дар оянда ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии ин марказ ҳам гуфтугӯй сурат гирифт.Тавре зикр гардид, аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла доир ба сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳо амалӣ шудаанд.Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории оянда дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика ва бартараф кардани мушкили норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли зимистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






