Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Шувалов
Душанбе, 24 январ (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд.Игор Шувалов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.Хотиррасон бояд намуд, ки қисме аз созишномаҳо дар бораи дароз намудани муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва содда намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб расида, қисмати дигар дар арафаи тасвиб қарор доранд.Тавре таъкид гардид, тибқи созишнома дар бораи шароити кории шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар муҳлати иҷозатнома барои кор аз 1 соли ҳозира бояд то ба 3 сол дароз карда шавад.Чунонки зикр гардид, мубодилаи санадҳо доир ба тасвиби ин созишномаҳо, ки аз оғози ба ҳукми қонунӣ даромадани онҳо башорат хоҳанд дод, ба наздикӣ аз ҷониби сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат хоҳад гирифт.Зимни мулоқот бо ишора ба муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русия ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ таъкид доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






