Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Масару Хонма
Душанбе, 28 январ (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.Дар оғози мулоқот Масару Хонма ба Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонсро муаррифӣ намуд.Зимни суҳбат, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин бонк ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳоло 7 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ амалӣ мегардад, маблағи умумии онҳо беш аз 112 миллион доллари амрикоӣ мебошад.Таъкид гардид, ки ду ҷониб минбаъд низ метавонанд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ғайра ҳамкории босамар дошта бошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






