Мулоқоти хабарнигорон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Хоруғ, 21 январ (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бо иштироки мақомоти судӣ ва адлия дар бинои суди ВМКБ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси Суди вилоят Амонулло Муқаиршоев изҳор дошт, ки дар суди вилоятӣ дар давраи ҳисоботӣ 15 парванда ва 23 шикояти кассатсионӣ баррасӣ гардид. Дар посух ба суоли хабарнигорон муовини аввали Суди вилоятӣ гуфт, ки агарчанде дар зинаи аввали судӣ баррасии парвандаҳо беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам ҳодисаҳои роҳ додан ба хатоиҳои мурофиавӣ ҷой дошта, ин ҳолат сабаби афзоиши шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ мегардад.Ба иттилои раиси Шӯрои адлияи ҶТ дар ВМКБ Аловиддин Меҳмонов аз ҷониби мақомоти судии шаҳру ноҳияҳо дар давоми сол 59 нафар айбдоршаванда ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардида , нисбат ба 67 нафари дигар барои кирдорҳои гуногун ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ гардид. Ба гуфтаи раиси Шӯрои адлия парвандаҳое, ки дар ин давра дар судҳои шаҳру ноҳияҳо баррасӣ шуданд, бештар ба ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, садамаи нақлиётӣ ва ишғоли худсаронаи замин дахл доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






