Мулоқоти Хайрулло Асоев бо Сун Пун Чан
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Байни вазири нақлиёт Хайрулло Асоев ва директори генералии ширкати хитоӣ «Синсян Бейсин» — оид ба сохтмони роҳу пулҳо Сун Пун Чан ва муовини ӯ Ляо Хэй мулоқоти ташрифӣ 3 январ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ доданд, ҷонибҳо атрофи корҳои таҷдиду сохтмон дар роҳи Айнӣ- Панҷакент (сарҳади Ӯзбекистон) суҳбат оростанд.Вазир муҳим будани сифати корҳоро таъкид намуда гуфт, ки механизми қабули корҳои иҷрошуда дигар хоҳад шуд. «Мо бо назардошти манфиати кишварамон қабули иншооти сохташударо танҳо аз рӯи талаботу меъёрҳо ва сифати корҳо ба роҳ хоҳем монд. Ҳамаи маводи сохтмонӣ дар озмоишгоҳи пажуҳишгоҳи мо санҷида мешаванд. Ман чанде пеш қитъаҳои роҳро санҷидам, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Агар камбудие дар сохтмон ба миён ояд, аз нав иҷро кардани он лозим меояд. Яъне баҳои мо аз рӯи кор ва сифати он дода мешавад»,- иброз дошт вазир.Ҷониби хитоӣ дархостҳои вазирро пазируфта, изҳор дошт, ки дар масъалаи корҳои лоиҳа ба ҳамкориҳои зич омодаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






