Мулоқоти раиси вилоят бо соҳибкорон
Қӯрғонтеппа, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар арафаи Соли Нав дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бо соҳибкорон баргузор гардид, ки дар он беш аз 50 нафар соҳибкорони маркази вилоят ширкат доштанд. Раиси вилоят зикр намуд, ки соҳибкорон метавонанд ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузоранд. Мавсуф перомуни масоили мубрами маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа муфассал сухан ронд. Зимни мулоқот ҳамчунин зикр шуд, ки алҳол имконияти пешниҳоди лоиҳаҳо дар мавриди бунёди иншоотҳои мухталиф вуҷуд дорад. Мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ метавонанд, дар ин кори хайр ёрӣ расонида, қитъаҳои замин ҷудо кунанд ва ибтикороти соҳибкоронро манзури мақомоти мухталифи давлатӣ намоянд.Давлатшо Гулмамадов саҳми соҳибкоронро ба бунёди иншоотҳои гуногун ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки вақти тағйир додани чунин тасаввуроте расидааст, ки гӯё соҳибкор фақат маънои тоҷирро дошта бошад. «Мо бояд дарк намоем, ки соҳибкор шахси бунёдкору офаранда аст», — гуфт роҳбари вилоят.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






