Мулоқоти Сарвазир бо намояндагии БОР

Январь 25, 2014 12:32

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю мулоқот кард. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба амалӣ намудани лоиҳаи ҳамкориҳои дуҷониба барои соли ҷорӣ ва тарҳрезии нақшаи ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда баррасӣ шуд.Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд амалӣ мегарданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.Тавре ки таъкид гардид, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо бонки мазкур мақсаднок ба роҳ монда шуда, бонк дар татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти нерўи барқ, таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ ва дастгирии бахши хусусии Тоҷикистон саҳм мегузорад.Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои самарабахш ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мароқи калон зоҳир намуданд.Си Си Ю изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд дар гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии роҳи мазкур дар соли равон ба кишварҳои иштирокдори лоиҳа кумак расонида, барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи сармоягузории он ҳавасмандӣ зоҳир менамояд.Ҷонибҳо ҳамзамон барои идомаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани имкониятҳои тиҷоратии мамлакат, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастгирии соҳаи илму маориф табодули афкор намуданд.

Январь 25, 2014 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд