Мулоқоти Ш.Саид бо Бандар Муҳаммад Ҷамил

Январь 30, 2014 11:49

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- 29  январ  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  дар  шаҳри  Душанбе бо  Сафири Шоҳигарии Арабистони  Саудӣ  дар  Тоҷикистон Бандар  Муҳаммад  Ҷамил  мулоқот  анҷом  дод.
 
Тавре  ки  аз  маркази  матбуоти  ПСС  ҶТ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  дар  ҷараёни  мулоқот  вазъи  равобити тиҷоратию  иқтисодии  байни аҳли  тиҷорати  Тоҷикистон  ва Арабистони  Саудӣ  мавриди  муҳокима қарор  гирифт. 
 
Ш.Саид  зикр  намуд, ки  соли  2014  таҳти  васояти  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  бояд дар  шаҳри  Душанбе якчанд  намоишгоҳу  ярмаркаҳо  доир  гарданд. Соҳибкорони  Арабистони  Саудӣ  метавонанд  дар  онҳо   ширкат  намуда  ва  бо  ин  васила ба   ҷалби  инвеститсияҳо ба  иқтисодиёти  ҷумҳурӣ  мусоидат  намоянд. 
 
Бандар  Муҳаммад  Ҷамил  дар  навбати  худ  иброз  дошт, ки тоҷирони  Арабистон  ба Тоҷикистон  ҳамчун шарики  судманд  таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  менамоянд.  
 

Январь 30, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш