Мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон бо сарпарасти Сафорати Эрон

Январь 6, 2014 14:09

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Мулоқоти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асоев бо сарпарасти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Садрӣ, намояндаи сафорат Халилӣ ва мушовир оғои Гулчин 4-уми январ дар Душанбе баргузор гардид. Тавре ки аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади мулоқот муаррифии сарпарасти Сафорат ва баррасии ҳамкориҳои байни кишварҳо, аз ҷумла, анҷом додани корҳои боқимондаи таҷдидӣ дар нақби “Истиқлол” буд.Вазири нақлиёт аз вазъи кунунии нақби “Истиқлол” изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки агар корҳои боқимондаи нақб дар зимистон анҷом дода нашаванд, иҷрои ин корҳо дар тобистон мушкилтар хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки масъалаи мазкур бояд ҳалли пурраи худро ёбад.

Январь 6, 2014 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш