Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин дидорашро бо пирӯзи анҷомид

Январь 14, 2014 11:55

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол то сини 21-сола дар нахустин бозии санҷишии худ дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 24-уми январ то 2-юми феврали соли равон дар Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад, яккачини клубҳои Тоҷикистонро мағлуб кард.Тавре смонаи ФФТ хабар медиҳад, бозии мазкур рӯзи якшанбе, 12 январ дар майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ бо яккачини клубҳои Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 6:2 ба нафъи мунтахаби ҷавонон анҷом ёфтааст.

Январь 14, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш