Муроҷиати мардум ба марказҳои шуғли аҳолӣ

Январь 27, 2014 11:32

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»).- Соли 2013 Хадамоти давлатии назорати бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ беш аз 3 ҳазор корхонаю муассисаҳои давлатию шахсӣ ва ниҳодҳои хоҷагидориро тафтиш намуда, беш аз 117 ҳазор ҳодисаҳои қонуншиканиро ошкор кард. Тавре ки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллоев дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ба 673 нафар корфармоён барои қонуншиканиашон дар бахши меҳнат ба маблағи 594 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима баста шуд. Мувофиқи суханони Нурулло Маҳмадуллоев, соли гузашта 119 ҳазору 189 нафар ба марказҳои шуғли аҳолӣ муроҷиат намуда, 71 ҳазору 168 нафарашон ба ҳайси бекорон ба қайд гирифта шуданд.

Январь 27, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд