Мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд
Душанбе, 4 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Аз 21-уми январ то 22-юми феврали соли 2014 бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои хоҳишманд гузаронида мешавад. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ғолибони мусобиқа бо ҷому медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофтонида мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд, дархостҳои худро барои иштирок дар мусобиқа ба ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ то 19-уми январи соли 2014 пешниҳод намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






