Мусодираи 6,7 тонна маводи нашъаовар
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-«Ҳодисаҳои худкушӣ дар ҷумҳурӣ соли гузашта камтар шуда бошанд ҳам, ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонанд», -гуфта шудааст дар ҳисоботи солонаи Прокурори генералии ҶТ Шерхон Сализода.Бинобар иттилои прокурор, дар соли 2013 567 худкушӣ содир шудааст. Мутаассифона, дар 407 ҳолат ҷабрдидаҳо ҳалок шудаанд, ки аз ин 100 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Ҳодисаҳои худкушӣ бештар дар вилоятҳои Суғд (274 ҳолат) ва Хатлон (115) ба назар мерасанд.Ҳамчунин дар ҳисобот зикр гардидааст, ки дар соли 2013 аз муомилоти ғайриқонунӣ 6,7 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла 484 килограмм героин мусодира шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 708 килограмм зиёд мебошад.Дар ин давра , дар хориҷи кишвар 191 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир ва аз онҳо 648 килограмм маводи нашъаовар мусодира шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






