Мусодираи маводи нашъаовар аз қочоқчиёни афғон

Январь 3, 2014 10:03

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар арафаи Соли нави мелодӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила амалиёти бобарор ба анҷом расониданд, ки дар натиҷаи он аз гардиши ғайриқонунӣ 20 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд, фаъолияти гурӯҳи қочоқбар қатъ гардид ва қочоқбари афғон нобуд карда шуд.Тавре ки аз маркази матбуоти АНМН ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амалиётро нисбат ба пешгирии интиқоли маводи нашъаовар кормандони агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон гузарониданд. Қочоқбарони афғон, ки бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буданд, сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, кӯшиш намуданд, ки дар торикии шаб ҳаҷми калони маводи нашъаоварро аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол намоянд.Дар ҷавоб ба фармони супоридани силоҳ қочоқчиён оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ яке аз саркардагони гуруҳи қочоқбар кушта шуд. Қочоқбарони боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба каламрави давлати ҳамсоя фирор намуданд. Шахсияти қочоқбари кушташуда муайян гардид, ки он ҳамчун қочқобари номӣ, иштирокчии якчанд ҳодисаи интиқоли маводи нашъаовар ба қаламрави Тоҷикистон маълум мебошад.Дар натиҷа дар ҷои ҳодиса як халта ошкор гардид, ки дар дохили он зиёда аз 20 адад маводи чоркунҷашакли ҷигариранг бо бӯйи махсус, инчунин маводи растанӣ мавҷуд буд.Ташхис нишон дод, ки маводи мусодирашуда 12 кг ҳашиш мебошад. Оғози амалиёти бисёрмарҳила оид ба мусодира намудани маводи нашъаовар ва нобуд кардани гуруҳи навбатии қочоқбарро кормандони фаврии агентӣ дар пойтахти мамлакат гузарониданд.Ба доираи диққати кормандони агентӣ як узви фаъоли гуруҳи қочоқбар, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе ворид гардид, ки ӯ имконияти фурӯши маводи нашъаоварро ҷустуҷӯ менамуд. Ҳангоми боздошт аз ӯ қоғазпеч бо маводи фишурдашуда ва бӯйи махсус дошта мусодира гардид. Мутобиқи маълумотномаи лабораторияи ташхиси судии АНМН маводи мусодирашуда ҳашиш мебошад.Мушоҳидаи фаврӣ имкон дод, ки сарвари гурӯҳи ҷинояткор, ки интиқоли маводи нашъаоварро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба Федератсияи Русия ташкил менамуд, ошкор ва муайян гардад. Дар асоси маълумоти ҷамъшуда дар вилояти Суғд марҳилаи ниҳоии амалиёт ба анҷом расид, ки дар натиҷаи он ташкилкунандаи гуруҳи мазкури ҷиноӣ — сокини 50-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид.Дар манзили сокини боздоштшуда 8 кг маводи нашъаовари ҳашиш ошкор гардид. Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад. Ҳар ду боздоштгардида ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии агентӣ ҷойгир гардиданд. Чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ ва ҷустуҷӯӣ барои муайян ва ошкор намудани шарикони ҷиноятҳо давом доранд.

Январь 3, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд