Мусодираи зиёда аз 9 кило маводҳои нашъадор
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ зиёда аз 9 кило маводи нашъадор мусодира шуд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор сокини ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Раҳматшоевро дастгир намуданд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили бастаи селофанӣ 5 килою 580 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 1 килою 940 грамм афюн, дар мачмӯъ 7 килою 520 грамм дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Илҳом Ҳусейнов, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Мастчоҳ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як бастаи селофанӣ, ки дар дохилаш 2 килою 334 грамм маводи нашъадори ҳашиш дошт, дарёфт ва мусодира шуд.
Аз рӯи далелҳои мазкур мутобиқи моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






