Мусоидати ХМ ба пардохти маоши муҳоҷир
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти мухоҷират музди меҳнати ба таъхирафтодаи муҳоҷири меҳнатӣ Сангинмурод Набиев , зодаи деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт ба маблағи 320 ҳазор рубли русӣ баргардонида шуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, бо дархости кӯмак дар ҳалли мушкили пардохт накардани дастмуздаш муҳочири тоҷик як моҳ қабл муроҷиат карда буд. Дар аризаи С.Набиев гуфта мешуд, ки соли гузашта ӯ дар асоси шартномаи шифоӣ барои сокини ш.Новосибирск Галина Королева хона бунёд мекард. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ бо ризоияти тарафҳо ба 420 ҳазор рубли русӣ муқаррар карда шуд. Корҳои сохтмонӣ аз 20 майи соли 2013 шуруъ шуда, 30 октябр анҷом ёфтанд. Дар ин муддат хонум Г.Королева танҳо 100 ҳазор аз маблағи таъйиншударо пардохт карду халос. Боқимондаро ваъда дод, ки пас аз анҷоми корҳо медиҳад. Аммо ваъдаи пардохт ду моҳ ба таъхир афтод. Корфармо бо ҳар баҳона муҳлати додани дастмузди муҳоҷири тоҷикро ба баъд мепартофт. Аммо танҳо баъд аз дахолати корманди Намояндагӣ ва суҳбатҳои чандинкарата боис шуд, ки Королева ба сохтмончии тоҷик музди меҳнаташро баргардонад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






