Музоядаи навбатии аломатҳои қайди давлатӣ

Январь 17, 2014 09:13

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-Раёсати Бозрасии давлатии автомоблии ВКД ҶТ 25 январ аломатҳои қайди давлатии силсилаи ВК минтақаи 01-ро ба таври музояда ба фурӯш мебарорад.Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, аломатҳои -6060, 6464, 6900, 6556, 6565, 6600, 6666, 6767, 6886, 7300, 6969, 6996, 7007, 7100, 7117, 7171, 7200 ба фурӯш монда мешаванд. Музояда дар толори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Нархи як лот 381 сомониро ташкил медиҳад.

Январь 17, 2014 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш