Н. Салимов: «Усулҳои нави исқот ба саломатӣ зарар намеорад»

Январь 16, 2014 15:06

Душанбе, 16 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Соли 2013-ум 15 151 нафар занон исқоти ҳамл карданд, ки шумораи онҳо дар соли 2012-ум 16 618 нафар буд. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов 16 январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.  Тибқи иттилои вазир айни ҳол занон бо истифодаи асбобҳои тиббӣ исқоти ҳамл накарда, аз истифодаи доруҳои махсус ба таври табиӣ бачапартоӣ мекунанд. Чунин навъи исқот барои саломатии занон безарар буда, солҳои наздик ин усул пурра дар тамоми манотиқи мамлакат ба роҳ монда мешавад. Нишондоди фавти модарон бошад, мувофиқи маълумоти омории фаврӣ дар соли 2013 ба 31,3 нисбат ба 100 000 зиндатаваллуд баробар шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 33,6 баробар буд.

Январь 16, 2014 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш