Нашри дубораи Фарҳанги забони тоҷикӣ зарур аст?

Январь 30, 2014 16:10

 
Душанбе, 30. 01 2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Қиммати китоби дуҷилдаи Фарҳанги забони тоҷикӣ (нашри соли 1969) дар мағозаҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе ба ҳазор сомонӣ расидааст. Баланд шудани қиммати ин китоб  аз як ҷиҳат аз афзудани теъдоди дӯстдорони илму дониш дарак диҳад, аз ҷониби дигар хеле гаронбаҳо ва ниҳоят зарур будани онро бозгӯ мекунад.
Воқеан, Фарҳанги забони тоҷикӣ 45 сол боз китоби рӯйимизии ҳар тоҷики бедордил ва маърифатдӯст аст. Бале, аз нашри ин китоб даҳсолаҳо сипарӣ гардид. Дар ин давра таҳаввулоти зиёди забонӣ ҳам ба вукуъ омад. Ҳарчанд  соли 2008 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ нашр шуд, вале вазифаи ин китоб дигар аст. Бинобар ин, ба фарҳангнигорони пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо зарур аст, ки Фарҳанги забони тоҷикии нашри соли 1969-ро бо таҷдиди муосир чоп намояд.
 
 

Январь 30, 2014 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд