Натиҷаи заҳмати кишоварзон

Январь 4, 2014 12:08

Кӯлоб, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).- Мутобиқи иттиллои раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб заҳматкашони деҳоти шаҳр ба як силсила комёбиҳо ноил гардиданд. Аз ҷумла, соли гузашта 20 550 тонна ғалла ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2213 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 40,3 сентнериро ташкил намуд. Истеҳсоли пахта ба 8262 тонна расид, ки ҳосили он нисбат ба соли 2012 437 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ 25,3 сентнерӣ аз ҳар як гектарро ташкил дод. Кишоварзон кӯшиш доранд, ки имсол нишондиҳандаҳои кори худро дар самти хоҷагидорӣ баландтар бардоранд.  

Январь 4, 2014 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш