Назари Расулзода ва Шувалов перомуни равобити иқтисодии дуҷониба
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба кори худ оғоз намуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи комиссия Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро ноиби Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунад. Дар оғози ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳайати Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Қоҳир Расулзода ба сатҳи кунунии равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Русия баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки он минбаъд низ ба нафъи ду кишвар рушду таҳким хоҳад ёфт. Игор Шувалов дар навбати худ аз сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон (5-декабри 2012) ёдовар шуда, онро василаи идомаи таҳкими босуботи равобит миёни ду кишвар хонд. Шувалов изҳори итминон намуд, ки дар натиҷаи татбиқи мукаммали созишномаҳое, ки зимни ин сафар ба тасвиб расидаанд, ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишвар беш аз пеш равнақ хоҳанд ёфт. Дар назар аст, ки дар идомаи ҷаласа маҷмӯи масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо сурат гирад. Гуфта мешавад, пас аз зуҳри имрӯз роҳбарони ҳайатҳои ду кишвар аз натиҷаҳои кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма изҳорот хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






