Нигаронии М. Убайдуллоев аз қонуншиканиҳо дар пойтахт
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). — 20 январи соли равон дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулинро ба сифати таълиму тарбия, донишу рафтори мактабиён, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷоннок намудани фаъолияти кумитаҳои падару модарон ҷалб намуда, дастур додааст, ки раисони ноҳияҳо то 1 феврали соли ҷорӣ ҳолати мактабу муассисаҳои томактабиро шахсан аз назар гузаронида, ба раиси шаҳр маълумот манзур созанд. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақл аз хабари шаҳрдорӣ мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбат ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ зимни баргузории ҷашну маъракаҳо дар шаҳр изҳори нигаронӣ карда, масъулини соҳа, аҳли ҷамоат ва васоити ахбори оммаи шаҳриро вазифадор намудааст, то баҳри расидан ба таъмини риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда тадбир андешанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои сомонаи расмии кумита (www.din.tj) танҳо дар соли 2013 дар миқёси мамлакат 394 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин рақам 72 ҳолат ба шаҳри Душанбе рост меояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






