Нигаронии Президент аз афзоиши ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).-Дар ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки барои беҳдошти соҳаи маориф ва амалисозии ҳадафҳои дар ин самт пешбинишуда наздики ду миллиарду 517 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 386 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Сарвари давлат афзуд, ки корҳои то имрӯз анҷомдодашуда дар соҳаи маорифи кишвар ҳанӯз қонеъкунанда нестанд ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дараҷаи донишомӯзиву маърифатнокӣ, малакаву маҳорати омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён ба талаботу меъёрҳои муосир ҷавобгӯ набуда, ба андешидани тадбирҳои доимӣ ниёз доранд. «Хусусан ҳолатҳои содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон дар соли сипаришуда тамоюли рӯ ба афзоиш дошта, сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2012 мутаносибан 13 ва 4 фоиз боло рафтааст»,-изҳори нигаронӣ кард Президенти мамлакат. Инчунин содиршавии ҷиноятҳои гурӯҳӣ аз ҷониби мактаббачагону донишҷӯён, ки баъзан боиси марги одамон мегардад, ташвишовар боқӣ мемонад. Дар ин самт ҳамкории мақомоти соҳаи маориф бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба пешгирии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо беҳбудиро тақозо дорад. Ҳамчунин теъдоди вайронкунандагони муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ афзоиш ёфта, соли гузашта нисбат ба 5432 нафар шаҳрвандон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои педагогии кишвар, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву умумӣ, олӣ ва коллеҷҳои омӯзгории кишвар вазифадор карда мешаванд, ки дар робитаи наздик бо падару модарон барои бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва о модасозии мутахассисон тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои доимиро амалӣ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






