Нисфи бозори Хоруғ баста шуд
Хоруғ, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ зимни анҷом додани як санҷиши муштарак бо дигар ниҳодҳои интизомию назоратӣ нисфи бозори марказии шаҳри Хоруғро ба иллати ҷавобгӯ набудан ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор аз фаъолият боздоштанд. Сардори хадамоти мазкур Анвар Шолангаров гуфт, ки дар аксарияти дӯкону мағозаҳо ва анборхонаҳои бозор ноқилҳои барқӣ ба торҳои анкабут шабоҳат доранду бештарашон урён мебошанд. Соли гузашта маҳз дар ҳамин бозор дар натиҷаи расиши ноқилҳои барқӣ сӯхтори калон ба амал омада, бар асари он наздики 100 соҳибкор аз молу колои худ маҳрум гашт. Танҳо дар 25 рӯзи моҳи январ 300 иншоот мавриди санҷиш қарор дода шуд ва 76 нафар соҳибкор ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ба гуфтаи сардори ин хадамот дар аснои санҷиш ба дари 12 корхонаи хурд бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор қулф зада шуд. Масъулини Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба соҳибкорони бозори Хоруғ барои ислоҳи камбудиҳо даҳ рӯз муҳлат доданд. Агар дар ин муҳлат ноқилҳои барқии худро ба низоми муайян ворид насозанд, ҳамоно дӯкону мағозаҳояшон дарбаста хоҳанд монд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






