Нишасти матбуотӣ дар раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Кӯлоб, 21 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар нишасти матбуотие, ки дар раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб бо иштироки хабарнигорони ВАО баргузор гардид, сардори раёсат Ҷӯрабек Қурбонов аз натиҷаи ҷамъбасти яксолаи фаъолияти раёсат ба хабарнигорон хабар дода, афзуд, ки шумораи нафақахӯрон дар минтақа 78 ҳазору 572 нафарро дар бар гирифта, талаботи моҳонаи нафақа 17 млн. 937 ҳазору 700 сомонӣ мебошад, ки аз аввали сол ба нафақахӯрон, иштирокчиёни ҶБВ, маъюбон ва дигар нафақаҳои иҷтимоӣ ба маблағи 184 млн. 044 ҳазор сомонӣ бозҳисобӣ шудааст. Дар ин давра ба раёсату шуъбаҳои агентӣ 5676 ариза оид ба таъйини нафақа ворид гардида, 5591 адади он таъйин гардид. Гуфта мешавад пардохти нафақа аз тарафи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба роҳ монда шуда, аз 9 шаҳру ноҳия фақат дар шаҳри Кӯлоб тартиби пардохт бо корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






