Нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул 20,2 фоизро ташкил намуд
Душанбе, 3 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ сиёсати пулию қарзиро вобаста ба вазъи иқтисодии кишвар бо мақсади иҷрои сатҳи пешбинишудаи нишондиҳандаҳои пулӣ, таъмини фаъолияти босуботи низоми молиявӣ ва мусоидат ба ҷараёни рушди иқтисодиёт равона намуд. Бо назардошти паст гардидани фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил тадриҷан аз 6,5 фоиз то ба 5,5 фоизи солона паст карда шуд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар интиҳои моҳи ноябри соли равон 5,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 18,8 фоиз зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, ба монанди ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои софи дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ мувофиқан 2 649,1 млн. сомонӣ ва 3 010,7 млн. сомониро ташкил доданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, вобаста ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт афзоиши ҳаҷми пул (М2) дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1 фоиз ва нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) 20,2 фоизро ташкил намуд. Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он баҳри таъмини устувории низоми молиявӣ ва рушди иқтисодиёт равона месозад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






