Низоми ҷуғрофии иттилоотӣ барои неругоҳҳо
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Соли 2013 мутахассисони соҳаи зилзиласанҷии Тоҷикистон барои силсилаи неругоҳҳо низоми ҷуғрофии иттилоотиро таҳия намуданд, ки он имконияти арзёбии хавфи зилзила ва устувории иншоотҳоро фароҳам меорад.Президенти Академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимов дар ҷаласаи ҳисоботии Академия дар ин бора хабар дод. Фарҳод Раҳимов ҳамчунин зикр намуд, ки кормандони Пажуҳишгоҳи масоили об, гидроэнергетика ва экология маҷмуи моделҳои математикии идораи тартиби кори обанборҳои тайиноти гуногунро тарҳрезӣ намудаанд. Истифодаи онҳо имкон медиҳад, ки тартиби кори муназзами неругоҳҳо роҳандозӣ шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






