Оғози нишастҳои матбуотӣ

Январь 7, 2014 14:27

Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- Тавре ки аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 13 январ то 7 феврали соли ҷорӣ нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Нахустин нишасти матбуотӣ дар Маркази тадқиқоти стратегй бо иштироки директори навтаъйиншуда Худобердӣ Холиқназаров ва муовинони он баргузор мегардад.  Хабарнигороне, ки мехоҳанд дар бораи вазъи ҷиноию тартиботи ҷамъиятии кишвар маълумот пайдо намоянд, метавонанд 21 январ дар Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 феврал дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, 6 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовар, 7 феврал дар Прокуратураи генералӣ иштирок намоянд. Ба масъалаи андозу андозбандй, ки имрӯз корхонаю муассисаҳоро зиёд ба ташвиш овардааст, роҳбарони Кумитаи андоз 28 январ равшанӣ меандозанд. Ҳамчунин рӯзи 21 январ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ истифодаи дурусти заминро ба шаҳрвандон шарҳ медиҳанд. Масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» 5 феврал хабарнигоронро бо вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳа огоҳ месозанд. Роҳбарони тозаинтихоби Вазорати фарҳанг роҷеъ ба нақшаҳои нави фазои фарҳангии кишвар 27 январ иттилоъ хоҳанд дод. Ҳамчунин хабарнигорон метавонанд ба ҳама гуна саволҳои хеш аз роҳбарони дигар корхонаю муассисаҳое, ки нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд, посух гиранд.

Январь 7, 2014 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд