Оқибати садамаҳои нақлиётӣ

Январь 6, 2014 12:13

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бар асари 454 садамаи нақлиётӣ, ки соли гузашта рух доданд, 89 нафар кӯдакону наврасон ҳалок гардида, 359 нафари онҳо ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.Назар ба хабари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, беш аз 90 фоизи ҳамаи садамаҳо бо айби ронандагони ноболиғ рух медиҳанд. Дар давраи ҳисобот 97 нафар кӯдакону наврасон ба ҳайси мусофирони автомобилҳо, 27 нафар ноболиғон ба ҳайси велосипедронон ва 5 нафар ноболиғони синнашон то 16 ба ҳайси ронандагон зарару осеб дидаанд.

Январь 6, 2014 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш