“Об ва нерӯ ҳамчун воситаҳои сулҳофарӣ”-конфронс
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар»).- 28 январи соли 2014 дар Брюссел дар Парлумони Аврупо дар мавзӯи “Об ва нерӯ ҳамчун воситаҳои сулҳофарӣ” конфронс барпо гардид. Конфронс аз ҷониби вакилони Парлумони Аврупо Струан Стивенсон, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба тағйирёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор, ва Кристина Гуттиерес, роҳбари гурӯҳи Парлумони Аврупо оид ба масъалаҳои об созмон дода шуд.
Дар кори конфронс вакилони Парлумони Аврупо, намояндагони Хадамоти аврупоии амалҳои хориҷӣ, Комиссияи Аврупо, доираҳои илмии соҳаи об ва энергетика, ширкати “Total”, Дабири кулли Паймони нерӯ, Директори Намояндагии ЮНИДО дар назди Иттиҳоди Аврупо, мушовирони сиёсии вакилони Парлумони Аврупо, намояндагони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, кормандони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Конфронс аз ду қисмат иборат буд: “Об ҳамчун воситаи сулҳофарӣ” ва “Энергетика ҳамчун воситаи сулҳофарӣ”.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ вакили Парлумони Аврупо, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба тағйирёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор Струан Стивенсон ҳусни оғоз бахшид.
Ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев сухан гуфт. Сафир Р.Солиев муҳимияти баргузории чунин конфронсҳоро барои муҳокимаи масъалаҳои мубрам дар соҳаи истифодаи об ва энергетика зикр кард. Ӯ таъкид сохт, ки Тоҷикистон ҳамеша кишварҳои минтақаро ба ҳалли масоили идораи захираҳои обӣ тавассути ҳамкорӣ ва муколамаи созанда даъват менамояд.
Зимни ҳарду қисмати конфронс муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимов оид ба иқтидори обию энергетикии Тоҷикистон ва сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои мазкур маълумот дод. Ӯ тазаккур дод, ки Тоҷикистон дар сиёсати обии худ аз консепсияи он, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад, пуштибонӣ менамояд. С.Раҳимов ҳамчунин иштирокчиёни конфронсро дар бораи афзори мавҷудаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи мудирияти захираҳои обӣ воқиф сохт.
Худи ҳамон рӯз вохӯриҳои дуҷонибаи муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимов бо вакилони Парлумони Аврупо Струан Стивенсон ва Кристина Гуттиерес, Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак, ноиби президенти ширкати “Total” Натали Коматич, директори Намояндагии ЮНИДО дар Иттиҳоди Аврупо Кристоф Ивто, президенти ширкати британиягии “Biwater” Адриан Уайт ва роҳбарияти ширкати италиявии «Pietro Fiorentini» баргузор гардиданд. Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва идораи захираҳои обӣ баррасӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






