Одил Эргашев- ёвари сармураббии “Истиқлол”
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Одил Эргашев, собиқ бозингари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ёвари сармураббии дастаи ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе интихоб гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии “Истиқлол”, Одил Эргашев, ки пеш дар ин клуби пойтахт бозӣ мекард, акнун ба Баҳодур Сӯфиев дар тамрини футболбозони ҷавон кӯмак хоҳад кард.
Одил Эргашев дар ҳайати дастаҳои “Бофанда” (Душанбе) — 1996-1997, “Варзоб” (Душанбе) — 1998-2000, “Елимай” (Семипалатинск, Қазоқистон) — 2001-2003, “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) — 2004-2008, “Истиқлол” (Душанбе) — 2009-2011, “Равшан” (Кӯлоб) — 2012-2013 бозӣ кардааст.
Одил Эргашев қаҳрамони 11-каратаи футболи Тоҷикистон буда, чандин маротиба бо дастаҳо Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми кишварро соҳиб шудааст. Ҷоизадори Ҷоми Президенти АФК — 2005, 2008 ва Ҷоми даъвати АФК-2006 мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






