Омодагии шарикони рушд ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 30 январ. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Дирӯз, 29 январи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти бисёрҷониба бо шарикони рушд баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи мазкур хабар доданд, дар мулоқоти мазкур роҳбарияти ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Бюрои САҲА, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Бонки рушди Олмон (KFW), Намояндагии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, лоиҳаи рушди манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон ва Бонки рушди Авруосиёӣ ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот роҳбари котибот Завқиҷон Завқиев аз шарикони рушд хоҳиш намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои протоколии ҷаласаи 12 Шўрои машваратӣ аз 13 декабри соли гузашта, хусусан татбиқи самараноки лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ» кумаки зарурии худро расонанд. Диққати махсус ба муайян намудани 4 мавзеи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани онҳо, таҳияи бастаҳои маҳсулоти рақобатпазири сайёҳии мамлакат, соддагардонии расмиёти вуруд ва судури мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, аз ҷумла харид ва насби таҷҳизот ва барномаи махсуси муттаҳида, ки ҳангоми вуруд ва судури сайёҳон онҳоро ба қайд гирифта, ба таври автоматӣ ба мақомоти сарҳади давлатӣ, мақомоти бақайдгирии сайёҳон, гумрук, муҳоҷират ва омор маълумот паҳн менамояд, равона гардад.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати иҷрои самараноки «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ» иброз намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






